"Бас", "савол... надиҳед". Вазирону раисони тоҷик дар ним сол як бор "гап" заданд, аммо чӣ гуфтанд? ВИДЕО
     TJ RU EN
10:48 / 2024-12-20

"Бас", "савол... надиҳед". Вазирону раисони тоҷик дар ним сол як бор "гап" заданд, аммо чӣ гуфтанд? ВИДЕО

Нишастҳои тобистонаи матбуотии вазирону раисони идораҳои Тоҷикистон ба поён расид. Намояндагони ҳукумат мегӯянд, давоми се ҳафта ба суолҳои хабарнигорон ҷавоб доданд. Аммо баъзе аз рӯзноманигорон аз тарзи баргузории нишастҳо ва рафтору муносибате чанде аз мансбадорон танқид карданд.

Ба ҷойи посух гуфтан ба худат суол медиҳанд"

Мазҳаб Ҷумъа, хабарнигори Оҷонси иттилоотии “Азия-Плюс”, дар аксар нишастҳои матбуотии нимсола иштирок кардааст. Ӯ барои посух гирифтан ба суолҳояш бо вазири маориф ва вазири корҳои дохилӣ баҳсҳое ҳам дошт.

Мегӯяд, нишастҳои матбуотӣ ба масали “Хоҷа боғ дорӣ? Дорам” табдил шудааст: “Мутаассифона, сол то сол вазъият бадтар мешавад. Агар соле пештар вазири корҳои дохилӣ ё мансабдори як ниҳоди дигар ба суолҳо муфассал ҷавоб медод, имсол хеле кӯтоҳ ҷавоб доданд. Бо асабоният, мисли мазоҳу масхара муносибат карданд. Вақте аз онҳо мепурсӣ, ба ҷойи он ки посух гӯянд, баръакс, ба ту савол медиҳанд, ки ба ин масъала чӣ назар дорӣ?”

Мақомот чунин танқидҳоро ҳамеша рад кардаанд. Дар хабари бештари марказҳои матбуотӣ, ки пас аз баргузории нишастҳо нашр мешаванд, зикр шудааст, ки “рӯзноманигорон ба суолҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.”

Вазир гуфт, “бас!” Сухангӯ: "Суолҳои вобаста ба шахсият надиҳед"

Як мушкили дигаре, ки журналистон дар нишастҳои охири матбуотӣ мушоҳида карданд, муносибати начандон хуби мансабдорон будааст. Аз ҷумла, вақте хабарнигор Мӯсо Бобоҳоҷиев, дар нишасти намояндагони Хадамоти алоқа дар бораи суръати поини Интернет пурсид, муовини раис бо овози баланд аз ӯ суол кард, ки “ту бо ҳамин саволот чӣ мақсад дорӣ?”

Хабарнигор ба муовини Илҳомҷон Атоев ёдрас шуд, ки дар пахши зинда ҳастем ва танҳо баъд аз он мансабдори Хадамоти алоқа оҳанги суханашро дигар кард.

Дар нишастҳои идораҳои дигар низ чунин тарзи муошират бо рӯзноманигорон мушоҳида мешуд. Барои мисол, Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радио ба хабарнигори Радиои Озодӣ иҷозат надод, ки аз як суол бештар пурсад. Ба пурсиши хабарнигори Озодӣ, ки чаро дар бораи фавти чеҳраҳои шинохта аз коронавирус телевизионҳои давлатӣ гузориш надоданд, Нуриддин Саид гуфт, дар бораи Лоиқ Шералӣ, Мирзо Турсунзода гузориш доданд.

Вақте хабарнигор дубора ба раиси Кумитаи телевизион ёдрас шуд, ки суолаш дар бораи фавти чеҳраҳои шинохта аз коронавирус аст, Нуриддин Саид бо ишораи даст гуфт, “тамом, бас.”

Иҷозаи суол надодан ба хабарнигорон дар нишастҳои дигар идораҳо низ мушоҳида шуд. Аз ҷумла, вақте аз Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки Миллӣ ва домоди раиси ҷумҳурӣ, дар бораи вохӯриаш бо соҳибкори итолиёвӣ Винчензо Транӣ суол шуд, сухангӯи Бонки Миллӣ талаб кард, “суолҳое, ки марбут ба шахсият аст, надиҳед.” Танҳо баъд аз пойфишории хабарнигорон муовини аввали раиси Бонки миллӣ ҷавоб дод.

Саволи хабарнигори Озодӣ ба он хотир буд, ки ахиран OCCRP Нуралиевро ба он муттаҳам кард, ки дар масъалаи зӯран харидани саҳмияҳои ташкилоти “Имон Интернешнл” ба соҳибкори итолиёвӣ, Винчензо Транӣ, ёрӣ кардааст. Муовини аввали раиси Бонки Миллӣ зимни нишасти хабарӣ ин вохӯриро рад кард.

Чаро хондани пресс-релиз аз байн намеравад?

Мушкили дигаре, ки имсол ҳам дар нишастҳо такрор шуд, хондани пресс-релиз ё ҳамон варақаи матбуотие буд, ки пеш аз оғози нишаст ба хабарнигорон тақсим мешавад. Хабарнигорон намефаҳмиданд, ки чаро бояд ҳиҷо ба ҳиҷо нигоҳ кунанд, ки кай вазир хондани ҳисоботро тамом мекунад.

Дар нишасти Вазорати корҳои хориҷӣ, вазир ним соат варақаи матбуотӣ хонд ва дар ниҳоят танҳо чаҳор хабарнигор имкон ёфтанд, ки суол диҳанд. Сироҷиддин Муҳриддин ба хотири як вохӯрии дигар дар назди президент, маҷбур шуд, нишасти хабариро ҷамъбаст кунад.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед: Вазирону раисони тоҷик ба хабарнигорон чӣ гуфтанд?

Вазир дигар чиз гуфту, муовинаш чизи дигар

Масъалаи дигаре, ки дар нишастҳои хабарии имсола мушоҳида мешуд, посухҳои бо ҳам зидди мақомдорон буд. Барои намуна Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ дар ҳузури намояндагони расонаҳо бунёди паноҳгоҳ барои гурезаҳои афғонро дар ноҳияи Ҷайҳун рад кард. Дар ҳоле ки ҳафтае пеш аз он Абдулҳафиз Одиназода, раиси ноҳияи Ҷайҳун аз бунёди паноҳгоҳ барои гурезаҳо хабар дода буд.

Намунаи дигари посухҳои ба ҳам мухолиф дар нишасти Вазорати молия садо дод. Дар ҳоле ки Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молия гуфт, ба суратҳисоби зарардидагони муноқишаи марзӣ маблағи кам ворид шудааст, муовини аввалаш Ҷамшед Каримзода гуфт, ба суратҳисоб умуман маблағ ворид шудааст.

Баъди нашри ин посухҳои зиддунақиз, дафтари матбуоти Вазорати молия бо пахши иттилоияе гуфт, манзури муовини вазир ворид нашудани маблағ аз созмонҳои байналмилалӣ буд, на тоҷикон.

“Қоидаро ман ҷорӣ накардаам”

Дар минтақаҳо ҳам вазъият чандон аз марказ фарқ намекард. Муносибати хуб надоштан ё фирор аз посух гуфтан, гоҳе боис ба баҳсҳои тунди хабарнигорон бо раисони ноҳияҳо шуд. Вақте хабарнигорон аз ҳисобот хондани Лутфия Шарифзода, раиси ноҳияи Муъминобод, танқид карданд, ӯ «қоида ҳамин аст» гуфта, ба хондани ҳисобот давом дод.

Шарифзода далел меовард, ки қоидаи хондани ҳисоботро дар назди хабарнигорон ӯ ҷорӣ накардааст.

Ё дар нишасти хабарии ҳукумати Ховалинг раиси ноҳия Муҳтадӣ Маҷидӣ тез-тез ба соаташ нигоҳ мекард ва вақт тамом шуд гуфта, аз ҷояш хест. Аммо хабарнигорон аз раис талаб карданд, ки дубора бишинад ва ба саволҳо ҷавоб диҳад. Раиси ноҳияи Ховалинг ҳам маҷбур шуд, ба суолҳои боқимонда посух диҳад.

Ҳолатҳое ҳам мушоҳида шуд, ки баъзе аз кормандони мақомот ба рӯзноманигорон ба мисли корманди зертобеашон муносибат мекарданд. Зимни нишасти хабарии шаҳрдори Кӯлоб, сардори пулиси шаҳр Файзулло Нозимзода ба тарафи рӯзноманигоре тунд ҳарф зад, ки «хап кун, гӯш кун.» Вақте хабарнигорон ба ин рафтори Нозимзода эътироз карданд, сардори ШКД-и Кӯлоб оҳанги суҳбаташро дигар кард.

“Рӯзноманигор набояд мушкили шахсиро бардорад”

Дар айни ҳол, рӯзноманигорон аз рафтори баъзе аз ҳамкасбони худ ҳам танқид мекунанд, ки бидуни омодагӣ ба нишастҳои хабарӣ мераванд.

Мазҳаб Ҷумъа, хабарнигори «Азия-Плюс», мегӯяд, баъзе аз рӯзноманигорон масъалаҳои шахсиашонро низ мебардоранд. Ҳол онки ба гуфтаи ӯ, “на як соат насиҳат кунанду се соати дигар дар бораи мушкилоти шахсиашон пурсанд. Ба таври мушаххас суолро гӯянд, мақомот посухи дақиқ диҳанд.”

Чаро нишастҳои хабарӣ камранг мешаванд?

Нишастҳои матбуотӣ ҳар шаш моҳ баргузор шуда, ҳадафашон ба гуфтаи мақомот посух додан ба суолҳои ҷомеа аст. Вале мунтақидон таъкид мекунанд, ки бо ин шакл гузарондани нишастҳо, танҳо талафи вақт барои худи мақомот ва рӯзноманигорон аст.

Ба қавли Набӣ Юсупов, муассиси сомонаи таҳлилии “Нуқта”, онҳое, ки нишастҳои матбуотиро таъсис доданд, дигар дар ҳайати ҳукумат нестанд ва ба ин хотир ин нишастҳо камранг шудаанд.

“Зиёиёни сатҳи баланд ба монанди Сӯҳроб Шарифов, Саидмурод Фаттоев буданд. Онҳо доим ба рӯзноманигорон дастрас буданд ва мушаххас ба суолҳо посух медоданд. Мақомот аз журналистон наметарсиданд ва ба масъалаи муносибат бо онҳо ҷиддӣ рафтор мекарданд. Ҳозир нишастҳои матбуотӣ ба он табдил шудаанд, ки мақомдор гуё як супориши бисёр вазнинро иҷро мекунад”, -- афзуд Набӣ Юсупов.

Дар айни ҳол иддае ин нишастҳоро ҳадди ақал барои фаҳмидани мавқеи намояндагони ҳукумат ба ин ё он масъала муҳим мешуморанд, чун дар вақтҳои дигар ёфтани вазирону раисони кумитаҳо саҳл нест. Дар Тоҷикистон дарёфти иттилоъ аз манобеи расмӣ чанд сол боз ба мушкили умдаи хабарнигорон табдил шудааст.

https://www.ozodi.org/a/31401581.html


Тақвим

<< < Декабрь 2020 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      
 
Пайвандҳои лозима